Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд кардани молу мулк

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми апрели соли 2026, тахминан соати 13:00 ҳамсараш ҷавонзани 18-солаи сокини ҳамин шаҳр бо истифода аз болға тирезаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ Ғ-30”, ки дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат беназорат меистод, шикаста аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида 5 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

08.04.2026 8:45
115