Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми апрели соли 2026, тахминан соати 02:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба сардхонаи ҷамоати деҳоти Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода даромада, аз он ҷо 500-килограм мавизро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 37, 30 ва 28-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, моҳи апрели соли 2025, бо роҳи пинҳонӣ аз иншооти кории ҶДММ “Бунёдкор Шодӣ” 1-адад қуттии КСО (шити трансфарматор), ки арзишаш 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















