Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нақлиётии марговар

6-уми апрели соли 2026, тахминан  соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҳисайнов Барот Ҷумахонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости канори роҳ дар қубури обгузар бархӯрда чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрели соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра Н», Азизов Мирзохӯҷа Абдунаимович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Истаравшан-Деваштич» дар ҳудуди деҳаи Сӯфи-Орифи шаҳри Истаравшан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «BYD E2», таҳти идораи ронанда Алиқулов Умарқул Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «BYD E2» Алиқулов У.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
6-уми апрели соли 2026, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-астра”, таҳти идораи ронанда Мамадбоқиев Фариз, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дашт ба самти маркази ноҳия дар ҳудуди деҳаи Рини ҳамин ноҳия, дар километри 107-уми шоҳроҳи “Тускул-Ишкошим-Хоруғ”, аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ҷумабоев Шоҳназар Хоркашович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ишкошимро, ки роҳи мошингардро мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа Ҷумабоев Ш.Х. ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

07.04.2026 8:55
35