Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисос, донишманду соҳибкасб дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, хосатан ҷузъу томҳои зерсохтори мақомоти корҳои дохилӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, барои илмомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон тамоми шароитҳоро фароҳам менамоянд.
Тавре иттилоъ дода будем, чанде қабл бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сохтмони литсейи «Дурахшандагон» оғоз гардида буд.
Дар ин асно, имрӯз (4 апрел) роҳбари аввали Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба мавзеи иншооти мазкур ташриф оварда, бо бунёдкорони он суҳбати самимӣ намуд.
Зимни суҳбат Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода барои хуштарҳу зебо қомат афрохтани бино, истифодаи масолеҳи босифат, васеъву барҳаво будани синфхонаву толорҳои варзишиву маҷлисӣ ва дигар инфрасохтори бино дастуру супоришҳои мушаххас дод. Тавре мавсуф иброз намуд, литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ буда, барои донишманду соҳибҳунар гардидани насли ҷавону наврас туҳфаи арзандае ба истиқболи ин иди умумимиллӣ мебошад.
- Наврасону ҷавононе, ки дар оянда хоҳиши таҳсил дар донишгоҳу муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва минбаъд дар мақомот кор карданро доранд, дар ин боргоҳи илм таҳсил намуда, ба донишҳои ҳуқуқии худ заминаи устувор мегузоранд, - таъкид намуд Вазир.
Бояд қайд кард, ки литсейи «Дурахшандагон» аз таҳхона ва се ошёнаи дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, китобхона, ошхонаву дигар инфрасохтори лозимӣ иборат буда, барои таҳсили 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бинои хобгоҳи литсей бошад, аз 4 ошёна иборат буда, дар ҳар як ошёнаи он 11 ҳуҷраи таъмин бо тамоми лавозимоти маишӣ пешбинӣ гардидааст. 
Р. ИЛЁСЗОДА

06.04.2026 19:57
226