Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми апрели соли 2026, тахминан соати 05:40-дақиқа, марди 50 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ҳангоми дар дохили маркази дилхушии “Ҷавонон” қарор доштанашон бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Сийома Редми”, ки арзишаш 13 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми марти соли 2026, тахминан соати 03:00 аз ҳавлии истиқоматии марди 53-солаи сокин ноҳияи Ҷ.Расулов, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 26 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.04.2026 8:50
26