Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагар дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Санаи 3-юми апрели соли 2026, тахминан соати 07:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Таёта камри”, Тешаева Ҳангома Зафархоновна, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди кӯчаи Гипрозем аз самти кӯчаи А.Ҳакимов ба самти кӯчаи Балъамии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳаракат кардан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Пирмадов Ғафор Бозорович, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Восеъ, ки дар назди тавақуфгоҳи автомобилҳои боркаш қарор дошт пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагар Пирмадов Ғ.Б. ба саломатиаш  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона дастрас карда шуда, пас аз чанд соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

04.04.2026 8:33
28