Тағйир додани иттилооти компютерӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар давоми соли 2024 то ин ҷониб дар мағозаи №9-и гузаргоҳи зеризамини бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, кору фаъолият намуда, бо мақсади берасмиятдарори гумруки телефонҳои мобилии тамғаи «Нокия-130», ва «Н5601», бо мақсади ба даст овардани фоида бо истифода аз силсилаи рақамҳои қалбакӣ рамзи «ИМЕЙ» бо ин амалаш системаи иттилооти телефонҳои мобилиро тағйир дода, бо ин кирдори худ зарари ҷиддии молиявӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















