Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати азонихудкунӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, ба ҳайси маъмур дар тарабхонаи “Ёсамин” кору фаъолият намуда, аз моҳи майи соли 2024 то моҳи июни соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини пойтахт даромада, дар як чанд ҳолат ғайринақди маҳсулотҳои гуштӣ ба маблағи 39 ҳазору 278-сомонӣ гирифта, маблағи ба даст овардашударо, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдида ба маблағи 39 ҳазору 278-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “в” қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.04.2026 8:26
50