Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард

31-уми марти соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Фотон Пикап», Давлатов Авлиё Қамариддинович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ганҷдеҳи ноҳияи Н.Хусрав балони қафои автомобил кафида ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. 
Дар натиҷа худи ронанда Давлатов А.Қ. ва мусофиронаш Тағойқулов Расул, соли таваллудаш 2006 ва Ниёзов Нозим, соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Шаҳритус, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, ронанда Давлатов А.Қ. аз сабаби ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Халили Акмал, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров» дар назди маркази савдои «Корвон-Плаза», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳалимова Мунаввар Мақсудҷоновна, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Ҳалимова М.М. аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 01:00 ронандаи мототсикли дучархаи тамғаи “Pcheng”, Маҳмадиев Сорбон Дилшодович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Восеъ, хангоми харакат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба тарафи рости роҳ ҳаракат намуда, ба дарахти тут бархурадааст, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саидзода Ниёзмуҳаммад Саид, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Камолова Нозанин Хидиралиевна, соли таваллудаш  2013, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Камолова Н.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 13:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Бобоев Шарофxон Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор дар роҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода” ҳангоми расидан дар наздикии деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор бо қисми пеши воситаи нақилёт пиёдагард Калонова Мусафар Бобоевна, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Калонова М.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.04.2026 8:09
36