Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраи омӯзишӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ 

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар «Сатҳи роҳбарӣ ва банақшагирии оперативӣ дар доираи Барномаи дебрифинг, Интерпол - Осиёи Марказӣ - IDP-CA» бо ташаббуси сардори БММ «Интерпол», подполковники милитсия Нуриддинзода Т.Н. ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳ.А., аз 23 то 27 марти соли 2026, баргузор гардид. 
Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндаи Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноятӣ - Интерпол оид ба мубориза бо савдои одамон ва интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон (NTSM) ташкил карда шуд. 
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти муҳоҷират дар ҳайати 24 нафар иштирок карданд. 
Омӯзиши мазкур аз ҷониби Ҷон Патрик Брум - мушовири шуъбаи Интерпол оид ба мубориза бо савдои одамон ва интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон муддати 4 рӯз гузаронида шуд.
Ҳадафи омӯзиш - фароҳам овардани дониш ва имкониятҳои амалӣ барои роҳбарони сатҳи стратегӣ ва оперативӣ ҷиҳати таҳия, идоракунӣ ва назорати самаранокии корҳои оперативии амалишуда, махсусан дар заминаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллиро дар бар гирифт.
Иштирокчиён малакаҳои шинохти робитаҳои оперативӣ, ҳамоҳангсозии иттилооти таҳлилӣ (разведкавӣ) ва истифодаи натиҷаҳои дебрифингро барои пешгирӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти экосистемаҳои мураккаби ҷиноятӣ ба даст оварданд.   
Санаи 27 марти соли 2026 баъди анҷоми давраи омӯзишӣ бо иштироки сардори БММ «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Нуриддинзода Т.Н., маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба иштирокчиёни тренинг сурат гирифт. Барои иштирок дарс тренинги омӯзишӣ, 24 нафар ҳайати иштирокчиён аз ҷониби намояндаи Котиботи Генералии Интерпол Ҷон Патрик Брум бо шаҳодатнома қадрдонӣ гардиданд.

31.03.2026 14:56
41