Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, ҳангоми дар вазифаи директори ҶДММ “Хуҷанд Сайр” кору фаъолият намуданаш, бе иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ба боварии мардони 49 ва 51-солаи сокинони ноҳияи Варзоб даромада, аз онҳо 12 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои ба кор таъмин намудан ба давлати Сербия равон мекунад, аммо гумонбаршаванда корро иҷро накарда маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдидагон зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















