Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми марти соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Шевралет Спарк”, ки ба марди 31-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дар кӯчаи Наврӯзи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, ҳангоми рондани автомашинаи мазкур қисмати рости онро зада, зарари техникӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

31.03.2026 8:06
32