Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино мактуби шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур, нисбати марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ворид шудааст, ки гумонбаршаванда тахминан моҳи феврали соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ 7-адад панҷараҳои тирезаҳои собиқ бинои мактаб-интернатӣ №4, ки дар тавозуни онҳо қарор дошт дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи Сангвор ворид гардидааст, ки 4-уми марти соли 2026, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони ноъмалум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти гармдиҳи, 1-адад чагкашак (палисос), 3-адад пояфзол, 100-адад собун ва 7 ҳазор сомонӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда муайян карда мешавад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
















