Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии фоҷиабор

27-уми марти соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-2546», Сафаров Муҳаммадалӣ Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Қалъачаи Арабии шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди хурдсол Муминҷони Муҳаммадюсуф Мумимҷон, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Муминҷони М.М. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
27-уми марти соли 2026, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҳусанов Ишпулат Тоштемирович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Навкати ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши автомобилаш хурдсол Муминов Ҳабибулло Рамазонович, соли таваллудаш 2021, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол Муминов Ҳ.Р. ба саломатиаш чароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи  ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
28-уми марти соли 2026, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Рӯзибоев Ҷасурбек Муҳамадҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Марҳамати ҷамоати деҳоти Ошоба ба самти ҷамоати деҳоти Рахшонаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа ҳамсараш Рӯзибоева Мухлиса Тулқинҷоновна, соли таваллудаш 2002 ва фарзанди хурдсолаш Рузибоев Зубайр Ҷасурбекович, соли таваллудаш 2025, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардида, хурдсол Рӯзибоев З. дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
28-уми марти соли 2026, тахминан соати 15:40-дақиқа, ронанда Аҳмадҷони Зайниддин, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора мекард, ҳангоми ба кор даровардани муҳаррики автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, набаромада бо қисмати пеши автомашинаи мазкур дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хурдсол Назарзода Ибодат Машраб, соли таваллудаш 2021, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

30.03.2026 8:25
45