Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷонибьи кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе богумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми марти соли 2026, тахминан соати 13:00 ҳангоми дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро мавриди лату куб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, гумонбаршаванда аз ҷайбаш 1-адад корди бохуд доштаро бароварда бо он ба қисмати тарафи чапи шикам, оринҷи дасти чап ва ангушти дасти рости ҷабрдида 3-маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















