Содир намудани кирдорҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе, моҳи августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки арзишаш 888 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад қабул намуда, минбаъд бо масъулини ҶДММ “Ҷамол Басир”, 2-адад шартномаҳои қалбакӣ оид ба ҳамкори ва саҳмгузории ба 2-манзили истиқомати дар масоҳати 202,5-метри мураббаъ тартиб дода, ба ҷабрдида додаанд ҳоло ин, ки манзили истиқоматӣ алакай ба шахсони дигар фурӯхта шудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43 ва зани 53-солаи сокинони шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон моҳи августи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри Турсунзода даромада ваъда додааст, ки таввасути шиносҳояшон муҳлати ҷазои падарашро, ки бо қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии Суди ноҳияи Сино қарор дошт, ҳар як соли муҳлати ҳабсро бар ивази 5 ҳазор доллари амрикоӣ кам мекунанд, баҳри амали гаштани ин бояд 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун пешпардохт маблағи пулӣ бидиҳанд, то ки корҳояшонро шуруъ намоянд ва бо ин роҳ гумонбаршавандагон барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ, худи ҳамон рӯз ба шаҳри Турсунзода рафта, бо ҷабрдида ва ҳамсараш вохӯрда, аз онҳо 95 ҳазор сомонӣ маблағи нақд гирифта, ваъда медиҳанд, ки дар давоми як моҳ ҳама мушкилиҳои падарашро ҳал карда медиҳанд.
Дар ин муддат гумонбаршавандагон ба ин маблағ қаноат накарда кирдорҳои қаллобонаи худро идома дода, бо роҳи фиреб бо баҳонаи он ки падарашро баъди гирифтани ҷазои ҳабси дар муассисаи ислоҳи дар ҳуҷраи карантини ҷой накардан, аз ҷабрдида дар ду марҳила 30 ҳазор сомонӣ тариқи ҳамёни электронӣ гирифта, ба манфиати худашон сарф намуда, ягон амалро ба фоидаи ҷабрдида анҷом надодаанд, ки дар натиҷа гумонбаршавандагон бо ин кирдорҳои қасдонаи худ, ба ҷабрдида ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















