Ҳалокати пиёдагарди хурдсол дар ҳодисаи нақлиётӣ
26-уми марти соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай Портер”, Бердиев Раҳмат Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаркат дар роҳи мошингарди ҳудуди шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Раҳмонов Муҳаммадалӣ Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст, ки дар натиҷа хурсол Раҳмонов М.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















