Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани се ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур, ҷои кораш мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №1 муроҷиат намудааст, ки 26-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба муассисаи мазкур даромада, аз утоқи кориаш ҳазор сомонӣ, 1-адад телефони мобилӣ ва 1-адад базаи хотиравии камераҳои мушоҳидавӣ, ки арзиши умумиашон 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод содир намудаанд. 
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 58-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 24-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 17:00 ҳангоми дар назди муҷасамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби болопуши дар танаш буда 3 ҳазору 500-сомонӣ, шиносномаи шахсиаш ва 1-адад корти пластикиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 14-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонааш даромада, аз онҷо 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду марди 36-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

27.03.2026 8:28
29