Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза пирамарди 72-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми марти соли 2026, тахминан соати 16:00 ҳамсояаш марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия, дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада нисбаташ дашномҳои қабеҳ намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 2-маротиба ба қисми чапи рӯяш, 1-маротиба ба гарданаш ва 1-маротиба ба қисми поёни дасти чапаш задааст, ки ба ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

27.03.2026 8:25
87