Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани се ҳолати ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда астст, ки 22-юми марти соли 2026, тахминан соати 22:50-дақиқа, марди 38 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва “Малиш ва Ашур” ном шахсон ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи “Фарангиз” қарор доштанашон, ӯро мавриди лату куб қарор дода, аз ҷайбаш 4 ҳазору 800-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Инчунин гумонбаршавандагон бо ҳамин роҳ 22-юми марти соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар назди тарабхонаи “Фарангиз” қарор доштанашон марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъро мавриди лату куб қарор дода, бо тариқи ошкоро телефони мобилиаш тамғаи “Редми Нот-14”, ки арзишаш 2 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД даршаҳри Норак бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми марти соли 2026, тахминан соати 20:40-дақиқа, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 “Шоҳрӯз” ном шахс ӯро мавриди лату куб қарор дода, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Текно” ва 1-адад соати дастиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 22-соали сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

27.03.2026 8:23
34