Ҳалокати ду мусофир бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
24-уми марти соли 2026, тахминан соати 12:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра G”, Шарипов Муҳиддин Малахович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе воқеъ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, онро ба канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда, ноболиғ Буранов Илёсиддин Баҳромович, соли таваллудаш 2013, ва хурдсол Буранов Самир Баҳромович, соли таваллудаш 2020, сокинони шаҳри Душанбе ба саломатиашон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














