Баргузор гардидани курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Сатҳи роҳбарӣ ва банақшагирии оперативӣ дар доираи Барномаи дебрифинги Интерпол - Осиёи Марказӣ - IDP-CA»
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Сатҳи роҳбарӣ ва банақшагирии оперативӣ дар доираи Барномаи дебрифинги Интерпол - Осиёи Марказӣ - IDP-CA» баргузор гардида истодааст.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноятӣ - шуъбаи Интерпол оид ба мубориза бо савдои одамон ва интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон (NTSM) ташкил карда шудааст. Он аз 23 то 27 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти муҳоҷират дар ҳайати 20 нафар иштирок карда истодаанд.
Омӯзиш аз ҷониби Ҷон Патрик Брум - мушовири шуъбаи Интерпол оид ба мубориза бо савдои одамон ва интиколи ғайриқонунии муҳоҷирон гузаронида мешавад.
Ҳадафи омӯзиш - фароҳам овардани дониш ва имкониятҳои амалӣ барои роҳбарони сатҳи стратегӣ ва оперативӣ ҷиҳати таҳия, идоракунӣ ва назорат ҷиҳати самаранокии корҳои оперативии амалишуда, махсусан дар заминаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мебошад.
Курс ба он равона мешавад, ки чӣ гуна шахсони мансабдори баландпоя равандҳои дебрифингро ташкил ва роҳбарӣ мекунанд, ки ба ошкор ва истифодаи робитаҳо байни шабакаҳои савдои одамон ва дигар намудҳои ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва терроризм равона шудаанд.
Иштирокчиён малакаҳои шинохти робитаҳои оперативӣ, ҳамоҳангсозии иттилооти таҳлилӣ (разведкавӣ) ва истифодаи натиҷаҳои дебрифингро барои пешгирӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти экосистемаҳои мураккаби ҷиноятӣ ба даст меоранд.
БММ «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон






















