Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми марти соли 2026, тахминан соати 11:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи «Лексус RХ-450»-ро аз назди деҳаи Галашаиди ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода ғайриқонунӣ бидуни мақсади тасарруф, ҳай карда бурдааст, ки дар дохили автомашинаи мазкур 60 ҳазор сомонӣ мавҷуд будааст, тасарруф намудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷиноятро марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 23-юми марти соли 2026, тахминан соати 11:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико», ки дар болои «Пули» маҳаллаи 5-уми шаҳри Турсунзода беназорат меистод ва ба ҷавони 23-солаи сокини тааллуқ доштааст, ғайриқонуни бидуни мақсади тасарруф, ҳай карда бурдааст, ки дар дохили автомашинаи мазкур 1-адад телефони мобили тамғаи «Редми-12 НОТ про» арзишаш 4 ҳазор сомонӣ ва маблағи 11 ҳазор сомонӣ мавҷуд будааст, тасарруф намудааст.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи Дарвоз бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми марти соли 2026, тахминан соати 11:10-дақиқа, марди 60-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, аз назди мағозаи тиҷоратӣ, воқеъ дар деҳаи Инкуҳи ҳамин ноҳия мототсикли шахсиаш тамғаи “Супер-Фирари”, ғайриқонунӣ бидуни мақсади тасарруф, ронда ҳангоми ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, дар мавзеъи каҷии деҳаи Қалъаи-Ҳусейни ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.
Дар натиҷа қисмҳои пеши мототсикл зарари техникӣ гирифта, корношоям гардидааст.
Зарари расонидашуда ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми марти соли 2026, тахминан соати 09:45-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Шарафи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз фурсати муносиб истифода бурда, аз дохили нуқтаи таъмири автомашинаҳои тамғаи “БМВ”, 1-адад автомашинаи “БМВ Х-5”, ки ба марди 34-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ гирифта ба самти шаҳри Турсунзода ҳаракат намудааст, ки дар ҳудуди деҳаи Шайхмузафари шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















