Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:00 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур даромада худро ҳамчун шахси бо таъмири манзили истиқомати машғул буда, муаррифи намуда, бо ваъдаи харидори намудани масолеҳи сохтмонӣ ва таъмир намудани манзили истиқоматиаш маблағи 100 ҳазору 700-сомониро гирифта, маблағҳои ба даст овардаашро дар бозиҳои букмекери «Рахш» ва «Пари Матч» бохта, ба ҷабрдида зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















