Ошкор шудани ҳолати азонихудкунии маблағ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми январи соли 2024, дар ҶДММ “Гавҳари шарқ”, ба ҳайси намояндаи фурӯши савдои бренди “Марс” тибқи шартнома ба кор шуруъ намуда, ҳангоми фаъолияти кориаш аз ширкати мазкур таввасути борхати маҳсулоти хӯрквории қанодиро қабул карда, ба нуқтаҳои савдо ба фурӯш бароварда, аз ин ҳисоб 215 ҳазору 933-сомониро азонихуд намудааст.
Мувофиқи экспертизаи судӣ-муҳосибӣ гумонбаршаванда ба ҶДММ “Гавҳари шарқ” маблағи 215 ҳазору 933-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.














