Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётӣ

21-уми марти соли 2026, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Амонов Фарҳод Камолович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Зафаробод, аз самти деҳаи Логин ба самти ҷамоати шаҳраки Зафаробод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Мусобоев Юнусҷон Зиёбоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Зафаробод, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Мусобоев Ю.Х. аз ҷароҳати ҷисмонии бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
22-юми марти соли 2026, тахминан соати 13:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», Мирзоев Муродҷон Орифҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, дар кӯчаи назди ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ҳаракат ба қафо, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, бо чархи қафояш хурдсол, Абубакри Сабури, соли таваллудаш 2023, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро  пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол Абубакри С. аз ҷароҳати ҷисмонӣ  бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

23.03.2026 8:11
30