Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2026, тахминан соати 21:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-12-С”, 3-сар ҳиндук ва 3-сар мурғро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Б.Ғафуров аризаи зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шахсони номаълум 13-уми марти соли 2026, аз заминҳои назди ҳавлигиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия, соли 2024 бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшуда, ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, соли 2026 бо моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшуда ва марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.














