Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ҷинояти авбошӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2026, тахминан соати 20:20-дақиқа, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос писараш ҷавони 18-солаи сокини ҳамон ҷоро дар ҳудуди деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод лат куб намуда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба дар баданаш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

23.03.2026 8:08
23