Боздиди ҳамватанони бурунмарзӣ аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва иштироки онҳо дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз
Дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамватанони бурунмарзӣ, ки аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, аз ободониву бунёдкориҳои ватан, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, хушнуд гашта, бо истифода аз фурсати муносиб аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо дастовардҳои шаҳри Душанбе дар замони Истиқлолият, тарз ва сохти биноҳои навсохтумон ва дигар инфрасохтори маишӣ барои зиндагии рӯзмараи сокиони пойтахт аз наздик шинос гардиданд.
Инчунин меҳмонон дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иштирок намуданд. Аз баргузории чорабинии идона ҳар яки онҳо таасуроти бардоштаи худро бо қаноатмандӣ бо ҳам баён менамуданд.
Дар ҷашнҳои идона ва вохӯриву боздидҳои худ, ҳайати ҳамватанони бурунмарзӣ барои даъват гардиданашон ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Пешвои миллат аз самими қалб арзи сипос намуданд. Инчунин ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва масъулине, ки пайваста онҳоро ҳамроҳӣ менамуданд изҳори миннатдорӣ карданд.
























