Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти Олии кишвар барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо Ҷашни Наврӯз табрик намуда, аз бунёдкориву ободонии Ватан, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, ёдовар шуд.
Ҳамзамон қайд намуд, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвста аз ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ бохабар ҳастанд ва таъкид менамояд, ки ба ҳама чорабиниҳои давлатӣ даъват карда шаванд.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро аз вазъи сиёсии дохили кишвар минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда аз хатарҳои ба давлати мо таъсирасонанда ҳушдор дод. Аз намояндагони диаспораҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фахмонида аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва экстремистию терористӣ ҷилавгири намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ аз даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ба ин чорабинии идона ва дастгирию ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат ба ҳамватанон, ки дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд.




















