Рух додани садамаи нақлиётии марговар
18-уми марти соли 2026, тахминан соатҳои 18:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ёров Манучеҳр Одинаевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми дар роҳи мошингарди “Ҳисор-Душанбе”, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Солеҳзода Абубакр Мансур, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Солеҳзода А.М. ҷароҳати вазнини ҷинсмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


















