Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 60-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат телефони мобилиаш тамғаи “Айфон”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда се ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 41-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

21.03.2026 8:32
28