Муайян шудани кирдори қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 38-солаи сокини шаҳри Бохтар, бо ҳамроҳии оператор-хазинадори ҶДММ “Гаравхонаи ҷило”-и шаҳри Бохтар зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур, моҳи майи соли 2023 то 8-уми ноябри соли 2025 дар якчанд лаҳза 677-адад маснуоти метали мис аз оҳан сохташударо, ки вазни он 4329,95-граммро ташкил медиҳад, ба оператор-хазинадори ҶДММ “Гаравхонаи ҷило” зани 39-сола пешниҳод карда, ба ному насаби гумонбаршаванда ва дигар хешовандонашон аз хазинаи ҶДММ “Гаравхонаи ҷило” маблағи калони пулиро гирифта, онро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Дар натиҷа мувофиқи санади санҷиши аудитии ҳуҷҷатҳои муҳосиби ва молиявии ҶДММ “Гаравхонаи ҷило”-и шаҳри Бохтар дар умум гумонбаршаванда аз хазина 2 милиону 424 ҳазору 750-сомонӣ гирифта, аз ин миқдор 271 ҳазор сомониашро ба зани 39-сола дода, байни худашон тақсим намуда, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба ҶДММ “Гаравхонаи ҷило”-и шаҳри Бохтар ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















