Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиш – фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ба муносибати иди Фитр ва Наврӯз дар Раёсати ВКД вилояти Суғд

Субҳи рӯзи 18 март бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба фарорасии иди Фитр ва иди ниёгонамон Наврӯзи хуҷастапай, дар саҳни Раёсат барои кормандон намоиш – фурӯши маҳсулоти хурока ва ниёзи аввал ташкил карда шуд. Масъулини шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари пешниҳоди маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин бо ҷалби хоҷагидорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсулоти гуногунро бо нархи дастрас ва нисбат ба бозор ва марказҳои савдо аз 20% то 40% арзон пешкаши кормандон намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ташкили ярмарка ба муносибати иду ҷашнвораҳо дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд мунтазам баргузор мегардад.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

18.03.2026 18:30
55