Рух додани ҳодисаҳои гуногуни нақлиётӣ
16-уми марти соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла Версо”, Ашуров Баҳриддин Садриддинович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳисор, бо қисмати пеши воситаи нақилиёташ набераи хурдсолаш, Баҳриддинзода Азиз Азимxон, соли таваллудаш 2024, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст, ки дар натиҷа набераи хурдсоли ӯ ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
16-уми марти соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Шукуров Зуфар Зарифҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди хиёбони И.Сомонии шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдураҳмонов Камолиддин Қаҳҳорович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард, Абдураҳмонов К.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
17-уми марти соли 2026, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи Ёрии таъҷилии ҳарбии тамғаи “Хундай”, Ширинов Сиёвуш Рустамович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз тарафи кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамови ноҳияи И.Сомонӣ дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Хуросон” пиёдагард, Сатторова Турсуной Саидқуловна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Турсунзодаро, ки роҳи мошингардро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Сатторова Т.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шуда, дар онҷо ба ҳалокат расидааст, Сатторова Т.С., ҳомиладор буда, тифли ҳафтмоҳаи дар батнаш буда низ ба ҳалокат расидааст.
17-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Саег-йонг Rexton”, Табаров Хайриддин Боевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Данғара дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада пиёдагард Давлатов Саид Қурбонович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Темурмаликро пахш намудааст, ки охирин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
17-уми марти соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи «GAC AION», таҳти идораи Зубайдов Шаҳром Сайфуллоевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, бо мақсади сапқат намудан ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагард Фозилов Ҳасан, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Ваҳдатро бо қисмати пеши воситаи нақлиёт пахш намудааст, ки пиёдагард Фозилов Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















