Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ташкили фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 59-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ва занҷаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, 9-уми марти соли 2026, ба ҷавони 21 ва зани 42-солаи сокинони шаҳри Душанбе, дар хонаи иҷорагирифтааш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба онҳо шароит ва ҷойи хуб муҳаё намуда, бар ивазаш 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

18.03.2026 8:34
55