Боздошти зани 37-сола барои ташкили фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишаҳона даллагӣ ва занҷалобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда манзили истиқоматии ба иҷора гирифтааш дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ бударо ба фоҳишахона табдил дода, 15-уми марти соли 2026, ба ҷавони 19 ва зани 35-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда аз онҳо ҳаққи хизмат ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















