Ошкор шудани ҳодисаҳои азонихудкунӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҷои кораш роҳбари ҶДММ “Пешсаф” ворид гардидааст, ки зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз моҳи сентябри соли 2025, дар ҶДММ “Пешсаф” ба ҳайси эксперт кор ва фаъолият намуда, аз ҶДММ-и мазкур маблағи пулии нақд ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоии мизоҷонро гирифта ба дигар ҶДММ “Карат” бурда ба гарав гузошта маблағҳои пулии ба гарав гузошташударо ба манфиати шахсиаш сарф намуда бо ин кирдораш ба ҶДММ “Пешсаф” бо маблағи 672 ҳазору 730-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 53-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷойи кораш сардори бригадаи ҶСК «А.Ҷумаев»-и ноҳияи Б.Ғафуров, моҳи ноябри соли 2022, бо мақсади ба даст овардани маблағи пуллӣ ва фоидаи муфт, 1 адад тарактори тамғаи «Т 28-4», 1 адад тухмипошак ва 1 адад присепти-2 ПТС-ро, ки ба тавозуни ҶСУ «Ҷумаев» қарор дорад, ба маблағи 34 ҳазору 10-сомонӣ фурӯхта, маблағҳои мазкурро азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















