Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 32-сола барои дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми марти соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур шуда, аз онҷо маҳсулотҳои рӯзгор, 5 ҳазор сомонӣ ва 4 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.03.2026 8:09
27