Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба авбошӣ задани ҷавони 19-сола 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 15-уми марти соли 2026, тахминан соатҳои 16:00 ҳангоми дар кӯчаи Р.Каримови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар назди бозори “Ҳайдариён” қарор доштанаш ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ҳисиёти авбошӣ бо писари ноболиғи 16-солааш сокини ҳамонҷо муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қисмати рони пои чапаш зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати чисмонӣ бардоштааст.  
Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.03.2026 8:08
26