Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

14-уми марти соли 2026, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Галопер”, Қурбонов Акбар Xалилович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рушон ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Басид ба самти деҳаи Разучи ноҳияи мазкур дар 75-ум километри мавзеи Дорж, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба самти чапи роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 75-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофирони дар дохили автомашина буда, Маҷнунов Эмомгул Паллаевич, соли таваллудаш 1956 ва Мастонов Асрор Қозиевич, соли таваллудаш 1982, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда ва мусофири дигари дар дохили автомашина буда, Сафаров Сабоз, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Рушон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
15-уми марти соли 2026, тахминан соати 15:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Ваз 21 113”, Одинаев Эмомалӣ Ҳакималиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Лоҳур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи барқии тамғаи “Фолсваген ID6”, таҳти идораи Носиров Оятулло Расулович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи барқии «Волсваген», Абдухоликова Ҳидоят Мумадрозиевна, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Кӯшониён ва ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21113», Одинаев Э.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

16.03.2026 8:37
54