Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомобил

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми марти соли 2026, тахминан соати 01:10-дақиқа, марди 45-соали сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо роҳи пинҳони автомашинааш тамғаи “Дайво-Некси”, ки арзишаш 19 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз назди хонаи истиқоматиаш ғайриқонуни рабурдааст. 
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи пирамарди 70-солаи сокини шаҳри Турсунзода ворид гардидааст, ки 15-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи «Дэу-Тико», ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум рабудаанд.
Зарари расонидашуда 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузарнидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони Ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд. 

16.03.2026 8:35
30