Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати азонихудкунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ҷои кораш сарнозири Шабакаҳои барқӣ дар ноҳияи Қубодиён, бо дигар нозирони барқӣ ноҳия дар давраи фаъолияти кориашон, бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон дидаю дониста, ки марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур мағозаи хӯрокворӣ ва ҳамом дошта, қувваи барқро худсарона бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда истифода мебарад аз моҳи июли соли 2024 то моҳи январи соли 2026 дар якчанд ҳолат аз ӯ ҷамъ ба маблағи 16 ҳазору 575-сомонӣ барои истифодаи қувваи барқро гирифта, азонихуд намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба номбурда, пардохтварақаи дигар муштариро додаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.03.2026 8:29
36