Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2025, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 2 милиону 700 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар мудати ду моҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонида, ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи сентябри соли 2025 дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе аз мари 43-солаи сокини ноҳияи Файзобод 450 ҳазор рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардонида, ӯро фиреб дода гаштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

16.03.2026 8:27
26