Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми марти соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳамсояаш зани 28-солаи сокини ноҳияи Варзоб аз хонаи истиқоматиаш 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 900-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 12-уми марти соли 2026, тахминан соати 05:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи фурӯши телефонҳои мобилии «SANJAR MEDIA», воқеъ дар кӯчаи Б.Мансурови шаҳри Конибодом, ки ба марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, 9-адад телефони мобилии гуногун тамға, ки арзиши умумиашон 8 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















