Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУЪҲОИ МУҲИМ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи тарзи ҳаёти солим» семинари омӯзишӣ оғоз гардид.
Ба иттилои муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ин иқдом дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон доир карда шуда, гузаронидани мусобиқа оид ба волейбол, шашкаю шоҳмот, кикбоксинг ва футбол дар назар дошта шудааст.
Аслиддин Шоҳиён илова кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ беҳтар намудани маҳорати касбии варзишгарони наврас, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дур кардани наврасон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб мебошад.
Дар доираи чорабинии мазкур, 13-уми март дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД мусобиқаи футболи хурд миёни хонандагони душвортарбияи Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардида, таълимгирандагон миёни ҳам рақобат намуданд. Рӯзи 14-уми март бошад, дар китобхонаи ин мактаб мусобиқаи шашка доир гардид.
Сипас, дар маҷлисгоҳи муассисаи мазкур семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи тарзи ҳаёти солим» гузаронида шуд. Инчунин, озумунҳои шеърхонӣ, тезгӯяк ва тақлид сурат гирифта, хонандагон бо шавқу рағбати зиёд дар ин озмунҳо ширкат варзида, барои пирӯзӣ талош карданд.
Ҳамин тавр, семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндаи САҲА Ҳайдар Маҳмадиев, намояндаи Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД подполковники милитсия Абдулло Шоҳиён, муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ, намояндаи Раёсати тиббии ВКД капитани хизмати дохилӣ Ҷамшедзода Аюб Ҷамшед ва муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Раҳимзода Аҳмад Абдуқодир идома ёфт.
Нахуст, равоншиноси Комиссияи маркази ҳарбии тиббии Раёсати тиббӣ Аюб Ҷамшедзода оид ба таъсири маводи психотропӣ ба ҳолати руҳиву равонӣ ба шахс баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки маводҳои психотропӣ, қабл аз ҳама дар фаъолияти мағзи сар ва ба ҳолати руҳии инсон таъсири манфӣ расонида, одамро ба ҳолати ғайримуқаррарӣ меорад. Дар ин ҳолат, шахс амал ва рафтори худро дарк намекунад ва метавонад ба ҳар гуна амали номатлуб даст занад.
Абдулло Шоҳиён бошад, аз муҳимияти таълиму тарбия ва омӯзиши илм ёдовар шуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 16-уми декабри соли 2025 иброз доштанд, ки падару модар, омӯзгорон ва ҷомеа барои таълиму тарбияи фарзандон бояд бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Аҳмад Раҳимзода низ дар такя ба суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҷавонон ганҷи бебаҳо ва ояндаи кишваранд ва бинобар ин, онҳо бояд бештар ба таълим диққат дода, аз корҳои беҳуда канорагирӣ намоянд.
Аслиддин Шоҳиён дар навбати худ аз хонандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе даъват кард, ки роҳи беҳтарин барои муваффақ шудан дар зиндагӣ ин таълим аст. Аз ин  рӯ, барои ояндаи неки худ талош варзанд.
Баъд аз анҷоми ин бахши чорабинӣ, омӯзгорони ин мактаб, ки дар таълиму тарбияи хонандагони ин муассиса саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқаи футболи хурд, шашка ва озмунҳои қироати шеър, тезгӯяк ва тақлид бо ҷому медал, Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.
Манучеҳр Мақсудов,
Тоҷиддин Латипов
16.03.2026 13:56
34