Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка

15 Марти соли 2026 дар ҳошияи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки рӯзҳои 16–17 марти соли 2025 дар шаҳри Вена баргузор мегардад, вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон бо муовини ёвари Котиби давлатии ШМА Девид Бедард доир гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият додани ҳамкориҳо дар муқовимат ба ҷинояткорӣ, аз он ҷумла терроризми байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда баррасӣ намуданд. 
Ҳарду ҷониб оид ба тақвият додани ҳамкориҳои мутақобила ҳавасмандии худро изҳор намуданд.

16.03.2026 13:32
118