Вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти INTERPOL
15 Марти соли 2026 дар ҳошияи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки рӯзҳои 16–17 марти соли 2025 дар шаҳри Вена баргузор мегардад, вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон бо Президенти INTERPOL Лукас Филипе доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизми радикалӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таҳкими заминаи моддӣ-техникии Бюрои марказии миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷустуҷуи ҷинояткорон баррасӣ намуданд.

















