Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 57-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аввалҳои моҳи феврали соли 2026, бо тариқи шартномаи шифоҳӣ аз ҳамдеҳааш зани 51-солаи сокини шаҳри Конибодом, бинои мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯроквориро бо номи “Усмонобод”-ро ба иҷора гирифтааст, ки 18-уми феврали соли 2026, тахминан соати 22:00 ноқили ҷараёндиҳӣ тарозуи барқӣ ва ноқили телефони мобилиро ба сими ноқили дарозкуни барқи (уделнител) дар дохили мағоза нодуруст пайваст карда онро беназорат гузоштааст, ки дар натиҷа тахминан соати  03:30-дақиқа, сӯхтор ба амал омадааст. 
Зарари расонидашуда 21 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 256 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

14.03.2026 8:10
50