Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз соли 2024 то инҷониб бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 5 адад автомашинаиҳои сабукрави гуногунро бо арзиши 116 ҳазору 500 доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки аз бинои баландошиёнаи навбунёд дар маҳаллаи 14-15-уми шаҳри Хуҷанд, 6-адад хонаи истиқоматӣ аз ошиёнаи 1-ум ба ӯ гирифта медиҳад, аммо маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

14.03.2026 8:09
48